- Язык:
Таджикский (Тоҷикӣ)
- Автор:
Гулназар Келди(Гулназар Келдӣ)
Шумо бисѐр хубу дилрабоед...
Шумо бисѐр хубу дилрабоед,
Магар рӯйи хуше дидед дар хоб?
— Бидидам соҳилу гулбед
Ба зери партави маҳтоб.
Дигар чӣ? Дар шаби ором, бе ишқ
Магар ҷӯянд хилватгоҳи бекас?
— Ва Дездемонаро дидам,
Бидидам хешро вопас.
Шумо, ки носабуреду мушавваш,
Кӣ буд дар паҳлуи гулбеди танҳо?
— Отелло буд дар хилват,
Ҷавони дилбару зебо.
Ба сони нури маҳ ӯ буд нозук?
Ба ҳар дуи шумо ӯ буд лоиқ?
— Бале, буд афсаре нотарс,
Бале, буд шоире ошиқ.
Суруди ӯ киро афсона мекард?
Ҷамоли кӣ варо девона мекард?
Сурудаш васфи саҳро буд,
Суруди орзуҳо буд.
Шумо бо меҳру шавқи ошиқона
Сурудашро гуҳар кардед дар гӯш?
— Дездемона бишуд мафтун,
Вале ман будам хомӯш.
Перевод стихотворения Николая Гумилёва «Сон. Утренняя болтовня» на таджикский язык.